- зоҳир
- [ظاهر]а1. қисми ба назар намоёни ҳар чиз, рӯи чизе; намуди берунӣ, ҳолати берунӣ2. ошкор, возеҳ, равшан, аён, маълум; ба (дар) зоҳир зоҳиран, дар намуд, ба намуд; зоҳиру ботин намуди берунӣ ва ҳолати дарунӣ; ошкору пинҳон; зоҳир гаштан а) намоён (падидор) шудан; б) маълум шудан, аён гаштан; зоҳир кардан (намудан) нишон додан, намудор кардан; падид овардан; зоҳир шудан а) намоён шудан, ҳувайдо гаштан; б) падид омадан, рӯй додан, сар задан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.